РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чорабинии идона баргузор гардид

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат намоиши расмҳо таҳти унвони “Ҷеҳраҳои ошно” ва чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Дар чорабинӣ Муҳиддин Пайшамбезода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Назариён Обид Одилзода, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, меҳмонон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар толори намоишии Донишкада намоиши асарҳои чеҳраҳои маъруфи сиёсат ва адабу фарҳанги кишвар доир шуд. Дар намоишгоҳ асарҳои рассоми ҷавон Наврӯз Саидов ва дигар устодони Донишкада манзури алоқамандони соҳа гардонида шуданд. Меҳмонон, нахуст, бо маҳсули дасти рассомон шинос шуданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат суханронӣ карда, қайд намуд, ки имрӯз дар кишварамон дар пайи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди санъати тасвирӣ ва муаррифии рассомони ҷавону боистеъдод тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои бачагонаи санъат, коллеҷу литсейҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони соҳаи мазкур омода карда мешаванд.

“Дар ин миён, саҳми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун зодаи замони соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу густариши анъанаҳои неки фарҳангии халқи тоҷик ва тайёр кардани мутахассисони соҳа назаррас аст. Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро садҳоҳо ҷавонони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ машғул мешаванд, ки Наврӯз Саидов аз зумраи онҳост”, — гуфт ректор.

Сипас, Муҳиддин Пайшамбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, суханронӣ карда, таъкид дошт, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як вазъияти душвор ва мураккаб доир шуд, маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба дӯши худ гирифтанд ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт.

“Миллати мо тӯли солҳои истиқлол рӯзҳои сангинро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаи арзишманд бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд”, — гуфт номбурда.

Назариён Обид Одилзода, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат суханронӣ карда, таъкид намуд,ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.

Қайд гардид, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ зери сиёсати созандаи Пешвои миллат ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Шашмақом», «Фалак», атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Инчунин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ Нилуфар Каримзода суханонӣ намуда, зикр дошт.ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

Нилуфар Каримзода гуфт, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии ҳизбӣ ҷамъбаст гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” ҳамчун “Ташкилоти беҳтарин” эътироф гардид. Ба ин муносибат ба раиси ташкилот Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Сипас, Наврӯз Саидов, рассоми ҷавон ва устоди Донишкада дар мавриди дастгирии ишри ҷавони мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат суханронӣ намуда, гуфт, имрӯз таваҷҷуҳи асосии Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҷавонон мебошад, зеро маҳз бо ин роҳ ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир зиёдтар огоҳӣ пайдо менамоянд. Дар баробари ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи баланд бардоштани маърифати илмии ҷавонон бо ташабус ва сарпарастии Пешвои миллат дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҷавонон ширкат меварзанд.

“Мо ҷавонони даврони Истиқлол бо сарварии Пешвои миллатамон бо такя ба таърих, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллӣ барои ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон, ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии арзандаи халқ ва ҳифзи манфиатҳои миллиамон тамоми кӯшишҳоро намуда истодаем”, — гуфт бо ифтихор Наврӯз Саидов.

Бояд гуфт, ки намоиши асарҳои рассоми авон Наврӯз Саидов ва дигар устодон таҳти унвони “Чеҳраҳои ошо” то 1 декабри соли 2024 дар толори намоиши Донишкада идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram