Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS» соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS» аз 11 то 16 ноябр дар Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардида, дар он аз Тоҷикистон 9 хонандаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор иштирок намуд.
Аз ҷумла, се хонанда – Ансор Ваҳҳобов соҳиби ҷойи II, Салим Мирзоев ва Салмон Қурбонмамадов соҳиби ҷойи III гардиданд. Ин дастовард баёнгари рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ буда, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии хонандагон ва омӯзгорони мамлакат мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки олимпиада аз соли 2018 инҷониб дар Ҷумҳурии Индонезия бо иштироки хонандагони кишварҳои Тайланд, Ветнам, Филиппин, Ҳонконг, Малайзия ва дигар давлатҳо аз фанҳои математика ва табиатшиносӣ дар сатҳи миёна баргузор мегардад. Он барои омода шудан ба олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи баланд ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.