Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 4 нафар довталабон сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд, иттилоъ медиҳад, АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Малика Ҳасанова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид. Инчунин хонандаи синфи 9-и Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва хонандаи синфи 3-и Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе Асилабону Алимова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз 21 нафар ғолиби ҷойи якум 15 нафар барои дарёфти шоҳҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ариза пешниҳод намуда, байни ҳам дар чор номинатсия – кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон рақобат намуданд.