РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нахустин Форуми ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея доир шуд

26 ноябри 2024 дар шаҳри Сеул нахустин Ҳамоиши ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода дар чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон бо минтақаҳои Корея баррасӣ шуданд.

Ба иштирокдорон дар бораи имкониятҳои ноҳияи Данғара, аз ҷумла маълумоти муфассал оид ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара рӯнамоӣ пешкаш гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram