Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанг мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада ва ҳайати расмии ин давлат баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Ҷонибҳо аз Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.
Инчунин, миёни роҳбарияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.