27-уми ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Дар мулоқот оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин , ки дар моҳи апрели соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Инчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.