5 декабри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар ҳошияи 31-уми нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар шаҳри Валлеттаи Ҷумҳурии Малта бо котиби доимии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Андреас Какурис мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.