Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ҷумҳурӣ тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ 41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд. АМИТ «Ховар» Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 9 декабри соли 2024 «Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамояд.
— Мувофиқи моддаҳои 12 ва 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ташкил карда шавад:
қароргоҳ – Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 5 522 038 нафар.
- Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ ташкил карда шаванд:
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1
ноҳияи Фирдавсӣ пурра;
қароргоҳ – бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 42/2;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 160 541 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Исмоили Сомонӣ №2
ноҳияи Исмоили Сомонӣ пурра;
қисми ноҳияи Сино дар ҳудуди маҳаллаҳои Лучоби поён, Деҳи боло, Ҳисорак, Арғувон, Ҳамадонӣ, Меҳробод, Зафар, Чоряккорон, Қазоқон–1 ва Қазоқон – 2, Панҷрӯд, Испечак–1, Испечак–2, Испечаки воридшуда, Навободи боло, Навободи поён, Шараф, микроноҳияҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, 114 ва 116;
қароргоҳ – бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Шоҳтемур 27;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 148 089 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Шоҳмансур № 3
ноҳияи Шоҳмансур пурра;
қароргоҳ – бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 117 713 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сино №4
қисми ноҳияи Сино дар ҳудуди маҳаллаҳои Навбаҳор – 1, Навбаҳор – 2, Сомон, Гулпарвар, Чотути поён, Нишони Ленин, Маҳмадшои боло – 1, Маҳмадшои боло – 2, Лаби тол, Озодии занон – 1, Озодии занон – 2, Обчакорон, Обчакорон – 1, Конститутсия – 1, Конститутсия – 2, Конститутсия – 3, Арбобхотун – 1, Арбобхотун – 2, Арбобхотун – 3, Арбобхотун – 4, Ҷуйбодом – 1, Ҷуйбодом – 2, Ҷуйбодом – 3, Чавлибои, Гиждалабод, Душанбе – 2, Ободкорон, Лучоби боло, Пахтакор, Борбад, Хуҷандӣ, Фурузон, Навруз, Чортут, Р.Набиев, Роҳи нав, Яккачинор, Чортеппа, Меҳнатобод, Қарамишкор, Дӯстӣ, Дӯстии воридшуда, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Ҳаёти нав, Шишхона ва Бунёдкорон, микроноҳияҳои 10, 11,12,13,14 – 31, 15, 32, 33, 34, 53, 54, 70 – солагӣ, 71 – 72, 83, 84, 103 ва 104;
қароргоҳ – бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, шаҳри Душанбе, хиёбони Сино, 43;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 155 891 нафар.
ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Турсунзода №5
қисми шаҳри Турсунзода дар ҳудуди маркази шаҳри Турсунзода, Ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Пахтаобод, 10 – солагии Истиқлолият, Регар, Работ, Сешанбе, Турсун Тӯйчиев ва деҳаҳои Ғайрат, А.Мирзоев, Б.Ғафур, С.Шерозӣ, Т.Туйчиев, Заркамар, Адир, Янгибоғ, Н.Кучаров, Қ.Наимов, Б.Тошев, Оға ва Чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов;
қароргоҳ – бинои Хонаи фарҳанги шаҳр, шаҳри Турсунзода, кӯчаи М.Турсунзода 145;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон –139 406 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Шаҳринав №6
ноҳияи Шаҳринав пурра; қисми ноҳияи Ҳисор дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Ризо, Мирзо Турсунзода; қисми шаҳри Турсунзода дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва деҳаҳои Нуробод, Тойчӣ, Обида Нӯъмонова ва Ҷ.Шукурови Ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонов;
қароргоҳ – бинои кумитаи заминсозии ноҳия, ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, кӯчаи И. Сомонӣ;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 143 409 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҳисор №7
қисми ноҳияи Ҳисор дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ҳисор, Шарора, Алмосӣ, Деҳқонобод, Дурбат, Навобод, Сомон, Хонақои кӯҳӣ, Ҳисор ва Ориён;
қароргоҳ – бинои Осорхонаи шаҳр, шаҳри Ҳисор, шаҳраки Ҳисор, хиёбони Ҳ.Назаров – 3;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 167 813 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8
қисми ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, Чоргултеппа, Лоҳур, Эсанбой, Зайнабобод, Сарикиштӣ ва Султонобод;
қароргоҳ – бинои Мактаби бачагонаи мусиқии ба номи А.Ашрафӣ, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи И.Сомонӣ – 32;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 84 831 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9
қисми ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Гулистон, Роҳатӣ, Қиблаӣ; ноҳияи Варзоб пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоряккорон;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 121 856 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ваҳдат №10
қисми шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти Нӯъмон Розиқ, Баҳор, Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ, К.Исмоилов, Чӯянгарон, Гулистон;
қароргоҳ – бинои Кохи маърифати шаҳр, шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Сомониён – 14;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 182 525 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Файзобод №11
ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун пурра; қисми шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Б.Бурунов ва ба номи А.Абдулвосиев; қисми ноҳияи Нуробод дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Сафедчашма, Меҳробод, Муҷихарф ва Ҳакимӣ;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, ноҳияи Файзобод, шаҳраки Файзобод, кӯчаи И.Сомонӣ 54;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 158 485 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт №12
ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор пурра; қисми ноҳияи Нуробод дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Дарбанд, И.Ҳалимов, Ҳумдон;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ 42;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 144 880 нафар.
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13
шаҳри Хуҷанд пурра:
қароргоҳ – бинои Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 36;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 117 350 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14
қисми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти Ғафуров, Хистеварз, Зарзамин, Исфисор, Овчиқалъача ва Ёва;
қароргоҳ – бинои Раёсати молияи ноҳия, ноҳияи Б.Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Роҳи оҳанчиён 3а;
шумораи эҳтимолии интихобкунадагон –127 338;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ӯрунхоҷаев №15
қисми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Ғозиён, Унҷӣ, Д.Холматов, Ҳ. Усмонов, Исмоил ва Чашмасор; шаҳри Бӯстон пурра;
қароргоҳ — Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб”, ноҳияи Б.Ғафуров, деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Ленин 106;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 135 424 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов №16
ноҳияи Ҷаббор Расулов пурра; қисми ноҳияи Зафаробод дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраку деҳоти Зафаробод, Равшан ва Ҳ.Алиев;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги “Гулистон”, ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, маҳаллаи Навоӣ, кӯчаи Ленин б/р;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 119 662 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ашт №17
ноҳияи Ашт пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи М. Воҳидов”, ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 24;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 110 908 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мастчоҳ №18
ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон пурра;
қароргоҳ – бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии агросаноатии Мастчоҳ”, ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон, кӯчаи С. Акрамов 2;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 122 428 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Конибодом №19
шаҳри Конибодом пурра;
қароргоҳ– бинои Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳоров, шаҳри Конибодом, хиёбони И.Сомонӣ 208;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 133 639 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Исфара №20
шаҳри Исфара пурра;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги шаҳр, шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 27;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 165 203 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Панҷакент №21
қисми шаҳри Панҷакент дар ҳудуди маркази шаҳр, Ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Ёрӣ, Сӯҷина, Саразм, Хурмӣ, Шинг, Косатарош, Фароб, Халифа Ҳасан, Моғиён ва Чинор;
қароргоҳ – бинои Маҷмааи эҷодии фарҳангии ба номи Л.Шералӣ, шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ 102;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 144 066 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Айнӣ №22
ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ пурра; қисми шаҳри Панҷакент дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Ворӯ ва Л.Шералӣ;
қароргоҳ – бинои Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, кӯчаи Рӯдакӣ 57;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 108 022 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Истаравшан №23
қисми шаҳри Истаравшан дар ҳудуди маркази шаҳр, Ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх, Сабристон, Қалъачаи Калон, Ниҷонӣ ва Нофароҷ; ноҳияи Шаҳристон пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази адлия дар шаҳр, шаҳри Истаравшан, хиёбони И.Сомонӣ, кучаи Ғ. Абдуллоев б/р;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 134 618 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич №24
қисми ноҳияи Деваштич дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти Ғончӣ, Муҷун, Росровут, Ваҳдат, И.Сомонӣ ва Далёни Боло; қисми шаҳри Истаравшан дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Чорбоғ, Зарҳалол, Қалъаи Баланд ва Ҷавкандак;
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия ба номи А.Рӯдакӣ, ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ, кӯчаи И. Сомонӣ 20;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 161 356 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Спитамен №25
ноҳияи Спитамен пурра; қисми ноҳияи Зафаробод дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти А.Ҷомӣ ва Меҳнатобод; қисми ноҳияи Деваштич дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Ғазантарак;
қароргоҳ – бинои Китобхонаи марказии ноҳия, ноҳияи Спитамен, шаҳраки Навкат, кӯчаи Спитамен;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 131 864 нафар.
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Бохтар №26
шаҳрҳои Бохтар ва Левакант пурра; қисми ноҳияи Кушониён дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Бустонқалъа, деҳаҳои Маданият, Гулзор, Ғ.Давлатов, С. Фатоев ва Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол:
қароргоҳ – бинои Коллеҷи махсусгардонидаи аграрӣ дар шаҳри Бохтар, шаҳри Бохтар, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 27;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 129 640 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кушониён №27
қисми ноҳияи Кушониён дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти И.Сомонӣ, Меҳнатобод, Заргар, Бохтариён, деҳаҳои Навкор, Бофанда, Янги – Юл, Ҷалолиддини Румӣ, 20-солагии Истиқлолият, Зарафшон, Лангар, Нозгул, Меҳробод, Л.Шералӣ, Виён ва Миёндеҳи Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол; қисми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳотҳои Золи Зар ва Навобод;
қароргоҳ – бинои Раёсати молияи ноҳия, ноҳияи Кушониён, Ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи Сино 62;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 138 908 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №28
қисми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти Хоҷамастон, Яккатут, Вахшон, Меҳробод, Сайёд ва Хуррамдиёр; ноҳияи Хуросон пурра;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати шаҳраки Хоҷамастон, кӯчаи Сомониён 24;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 154 576 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ёвон №29
Ноҳияи Ёвон пурра; қисми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Дӯстӣ ва Ифтихор;
қароргоҳ – бинои Ҷамоати шаҳраки Ёвон, ноҳияи Ёвон, кӯчаи М. Турсунзода 42;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 171 339 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30
қисми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи Балх, Маданият ва Ҳалевард; қисми ноҳияи Дӯстӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷиликул, Навзамин, Нури Вахш ва Деҳқонобод; қисми ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Заркамар, У.Назаров ва И. Ниёзов;
қароргоҳ – бинои Кинотеатри ба номи М.Горкий, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷамоати шаҳраки Балх, кӯчаи Ҷ. Румӣ 29;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 127 985 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Қубодиён № 31
қисми ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Қубодиён, Носири Хусрав, Вобканд, Тахти Сангин ва Навобод; ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав пурра:
қароргоҳ – бинои Қасри фарҳанги ноҳия, ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати шаҳраки Қубодиён, кӯчаи И.Сомонӣ б/р;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 182 564 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32
ноҳияи Вахш пурра; қисми ноҳияи Кушониён дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навбаҳор; қисми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Гулистон;
қароргоҳ – бинои Идораи хоҷагии обёрӣ ва беҳдошти замини ноҳия, ноҳияи Вахш, Ҷамоати шаҳраки Вахш, кӯчаи А.Шоев 31;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 152 113 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33
ноҳияи Ҷайҳун пурра; қисми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор ва Навоӣ; қисми ноҳияи Панҷ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Меҳвар ва Намуна; қисми ноҳияи Дӯстӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов;
қароргоҳ – бинои Литсейи касбии техникии №34, ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, кӯчаи Борбади Марвазӣ 24;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 140 420 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фархор №34
ноҳияи Фархор пурра: қисми ноҳияи Панҷ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Панҷ, Нури Ваҳдат, К.Сайфиддинов ва Озодагон;
қароргоҳ – бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи Фархор, Ҷамоати шаҳраки Фархор, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ 4;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 131 458 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пурра; қисми ноҳияи Восеъ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва Миралиобод;
қароргоҳ – Бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷамоати шаҳраки Москва, кӯчаи З.Розӣ б/р;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 129 796 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара №36
ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак пурра;
қароргоҳ – бинои Маркази татбиқи лоиҳаҳои обёрии водии Данғара, ноҳияи Данғара, Ҷамоати шаҳраки Данғара, кӯчаи Марказӣ 34;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 127 696 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯлоб №37
шаҳри Кӯлоб пурра:
қароргоҳ – бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ б/р;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 125 558 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мӯъминобод №38
ноҳияҳои Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг пурра:
қароргоҳ — бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, ноҳияи Мӯъминобод, Ҷамоати шаҳраки Чорсу;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 110 894 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Восеъ №39
қисми ноҳияи Восеъ дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ҳулбук, А.Авазов, Бобошоҳиён, Тугарак, Заҳматобод ва Х.Раҷабов; ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон пурра;
қароргоҳ – бинои Шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи Восеъ, Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, кӯчаи И. Сомонӣ 34;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 150 964 нафар.
ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ванҷ №40
ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз пурра; қисми ноҳияи Шуғнон дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Мирзоҷон Ширинҷонов, Сучон, Навобод, Вер ва Ғарибшо Шаҳбозов;
қароргоҳ – бинои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, ноҳияи Ванҷ, Ҷамоати деҳоти ба номи М. Абдуллоев, деҳаи Рохарв;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 59 164 нафар;
Ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хоруғ №41
шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа пурра; қисми ноҳияи Шуғнон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ванқалъа;
қароргоҳ – бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Атобек 16;
шумораи эҳтимолии интихобкунандагон – 51 646 нафар.
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. САМАДЗОДА
ш. Душанбе, 6 декабри соли 2024, № 2