25-26 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил гардида, намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мешавад.
Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.
Соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.