Дар мавзеи Шоқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи “Комбинати металлургии тоҷик” корхонаи азими коркард ва истеҳсоли оҳан сохта хоҳад шуд, ки дар он то 1000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Корхонаи азими саноатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳалли бунёди корхона иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои иктишофӣ ба охир расида, сохтмони корхона оғоз ёфтааст.
Бино ба иттилои масъулин дар ин мавзеъ якчанд кон вуҷуд дорад ва дар марҳилаи аввал аз кони Шоқадамбулоқ истифода хоҳад шуд. Кони Шоқадамбулоқ яке аз бузургтаринҳо дар минтақа ба шумор рафта, дар он то 48 миллион тонна захираи ашёи хом мавҷуд мебошад.
Раванди истеҳсолот се марҳила — қабаткушоӣ, сохтмон ва истеҳсолотро дар бар гирифта, дар ниҳоят оҳан истеҳсол мегардад. Корхона метавонад то 1 миллион тонна ашёи хомро коркард карда, то 42-45 дарсад маҳсулоти ниҳоӣ ба даст оварда шавад.
Ба корҳои сохтмонӣ 150 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардида, масъулин азм доранд корхонаи мазкурро то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта ба истифода диҳанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони ин давлат васлу насб карда мешавад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъкид дошт, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди зиёда аз 12 000 иншоот ба нақша гирифта шуда, садҳо корхонаи нав низ бунёду ба истифода дода мешавад.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро ба сифати баланд ба анҷом расонида, барои муҷаҳҳзсозии корхона таҷҳизоту дастгоҳҳои беҳтарину замонавиро ворид созанд.