Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавсеа ёфта, имрӯзҳо ҳамкории фарогири ҷонибҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноату кишоварзӣ, фарҳангу маориф ва илм ҳамчун омили муҳимми таҳкиму густариши муносибатҳои ду давлат арзёбӣ мегарданд. Бо назардошти ин давоми солҳои зиёд байни ду давлат беш аз 200 созишнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Чунин изҳори назар намудааст коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Солиҳов дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар идомаи матлаб чунин изҳори назар карда шудааст:
-Таҳким додани муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор гирифт. Ҳанӯз аз 9 январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор гардида, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ ёфт.
Ду давлати бо ҳам дӯст дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории густурда дошта, ба манфиатҳои миллии ҳамдигар эҳтиром мегузоранд.
Бояд иброз намуд, ки дар таҳкими дӯстию ҳамкории байни давлатҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дошта, то имрӯз беш аз 15 нишасти ин комиссия дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон баргузор гардидааст.
Дар ҳошияи сафарҳои роҳбарони давлатҳо бастаи нави санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо, соҳаҳои нақлиёт, илму фарҳанг, варзиш ва технология ба имзо расида, дар низоми пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат таъсир гузоштааст. Аз ҷумла, аз замони барқарории равобити дипломатии ду давлат то кунун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 18 маротиба ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 15 маротиба сафарҳои расмию давлатӣ ва корӣ анҷом дода шудаанд.
Сафари таърихии расмии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон марҳум Иброҳим Раисӣ 8 ноябри соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар байни ду давлат 19 санади ҳамкорӣ дар сохторҳои гуногун ба имзо расид. Муҳимтарини онҳо «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ» ба шумор меравад.
Дар идомаи музокирот роҳбарони давлатҳо бо назардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон истифодаи имконияти фарохи мамлакат дар соҳаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои тавсеаи ҳамкорӣ зурур шумориданд. Дар ин замина ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обию офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори ҳамкории дуҷониба арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон таҳкими ҳамкорӣ дар самти роҳу нақлиёт, аз ҷумла беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос воситаи муҳимми рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба шумор меравад. Масалан, бунёди нақби «Истиқлол» ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳамкории густурдаи ду ҷониб дониста мешавад.
Сол то сол гардиши молу хизматрасонӣ байни ду давлат дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ҷонибҳо якдигарро бо молу маҳсулоти мавриди ниёз таъмин менамоянд. Дар асоси маълумоти оморӣ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҳои тару тоза, дегҳо ва дигар молу маҳсулот содирот мешавад. Ҳамзамон дар баробари содироти молу маҳсулоти зарурӣ аз Эрон маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ба монанди филизоти сиёҳ, маҳсулот аз пластмасса, маҳсулоти сафолӣ, маҳсулоти шустушӯӣ, дегҳо, шиша дигар молҳо ворид карда мешаванд.
Тавре аз диаграммаи №1 мушоҳида мегардад, гардиши тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон сол то сол дар ҳоли афзоиш қарор дошта, дар тиҷорати хориҷии мамлакат ҳиссаи бештар дорад. Масалан, агар соли 2020 гардиши молу маҳсулот байни давлатҳо 57,7 миллион долларро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли 2023 ба андозаи 196,9 миллион доллар ё 4,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Ғайр аз ин, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 гардиши тиҷоратӣ байни давлатҳо зиёд гардида, ба самти нави ҳамкорӣ мусоидат намуд (диаграммаи № 2).
Тибқи маълумоти Агентии омори мамлакат, гардиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 120,1 миллион доллар ё 55 дарсад афзудааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллари ИМА баробар гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияту зарфияти зиёди молиявию иқтисодии бештар буда, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тавассути барномаҳои давлатӣ амалӣ мегардад.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо барои ташаккули муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худ захираю имконияти зиёд дошта, дар ҳолати истифодаи васеи ин имконот метавонанд робитаи ду давлатро минбаъд низ наздиктару фарохтар гардонанд.
Боварӣ дорем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, ки дар доираи он ба имзо расидани якчанд санаду созишномаи ҳамкорӣ дар назар аст, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мусоидат менамояд.