Моҳи май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Бо мақсади дастгирии рушди ҷудо ва баланд бардоштани руҳияи варзишӣ дар байни ҷомеа бо ташаббуси президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир даромад ба мусобиқа барои тамоми мухлисон ройгон мебошад.
Ин иқдом далели эҳтиром ва қадрдонии мухлисони самимии варзиш буда, нишонгари он аст, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон на танҳо ба рушди сатҳи касбии ҷудо, балки ба ҷалби оммавии мардум ба ин намуди варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва солимгардонӣ мебошад.