РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Академияи идоракунии давлатӣ озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид

13 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дохилимуассисавии озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Бо мақсади натиҷагирии воқеъбинонаи раванди озмун аз ҳисоби мутахассисони соҳа Комиссияи озмунӣ ташкил карда шудааст. Тавре муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия Пайрав Иззатуллозода иттилоъ дод, дар даври дохилимуассисавии озмун дар маҷмуъ 25 нафар донишҷӯёну магистрантони Академия иштирок намуданд. Дар ин бора аз академияи мазкур хабар доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки озмун соли дуюм аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, доираи зиёди хонадагонро ҷалб намудааст.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани озмун гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди низоми нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад.

Озмуни дохилимуассисавии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» идома дошта, ғолибон аз ҷониби ҳайати комиссия муайян гардида, ба даври ниҳоии озмун пешниҳод карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram