РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Ашқобод иштирок карданд

Бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим, дар шаҳри Ашқободи Туркманистон конфронси ҳафтуми сатҳи минтақавӣ оғоз гардид. Дар ин ҳамоиш, ки дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии иқлим баргузор мешавад, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода дар кори конфронс ширкат намуд. Дар суханронии худ ӯ ба масъалаҳои муҳими вобаста ба иқлим, аз ҷумла тақвияти иқтидори миллӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва зарурати дастрасӣ ба маблағгузории байналмилалии иқлимӣ таъкид кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди ташаббусҳои марбут ба масъалаҳои обу иқлим, пайваста ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муассир ва ҷорӣ намудани механизмҳои мутобиқшавӣ дар бахшҳои иқтисоди миллӣ чораҷӯӣ мекунад. Дар баробари ин, кишвар иқдом дорад муҳити мусоиди институтсионалиро фароҳам оварад ва ҳамгироии тадбирҳои иқлимиро дар ҳамаи бахшҳои соҳа таъмин намояд.

Ҷиҳати муаррифии фаъолияти Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва иқлим, Лоиқ Раҳмонзода инчунин оид ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дода, иштирокчиёнро барои ҳузур дар ин чорабинии муҳим даъват намуд.

Дар доираи чорабиниҳои канории конфронс мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҷриба ва лоиҳаҳои амалишудаи марбут ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро муаррифӣ карданд.

♻️ Дар конфронси иқлимии минтақавӣ беш аз 350 нафар коршиносону мутахассисони хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисон аз вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Туркманистон иштирок доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram