20-уми майи соли 2025 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари мазкур Алиакбар Пурҷамшедиён ва ҳамроҳонаш баргузор гардид. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.