Обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз ба буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, давоми даҳсолаҳои охир онҳо бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Ин раванди ташвишовар дар таърихи инсоният бесобиқа аст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома дорад.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид.
«Тағйирёбии иқлим аллакай боиси нобуд шудани тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон гардидааст. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад», -афзуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо дар сайёраи мо сарчашмаи асосии оби нӯшиданӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё месозад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки обшавии босуръати пиряхҳои қутбӣ сабаби обхезиҳо дар кишварҳо ва шаҳрҳои соҳилӣ шуда, миллионҳо одамонро аз манзилҳояшон маҳрум месозад.
Гузашта аз ин, раванди мазкур боиси кам шудани ҳудуди хушкии давлатҳо ва омили муҳоҷиршавии аҳолӣ мегардад.