РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд

16 июн директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 73-юми Конфронси оморчиёни аврупоии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) дар Женева иштирок намуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни чорабинӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳо, ташаббусҳои мамлакат  дар рушди соҳаи омори миллӣ ва нақшаҳои минбаъда сухан намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар низоми омори миллӣ баҳогузории глобалӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ гузаронида шуд, ки натиҷаи он ва тавсеаҳои коршиносони байналмилалӣ барои таҳияи нақшаҳои стратегии рушди омори миллӣ муфид арзёбӣ мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram