23 июни соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари ширкати холдингии сармоягузории “Thirty Five”-и Давлати Қатар д-р. Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои густариши равобит байни кишварҳо дар соҳаи иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.