Аз 3 то 7 июли соли 2025 Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар ҳайси аъзои ҳайати ҳакамони Кинофестивали байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок менамояд. Ин фестивал дар ноҳияи Ёнчуани шаҳри Чунчини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар чунин рӯйдоди бонуфузи байналмилалии фарҳангӣ далели нуфузи рӯзафзуни синамои тоҷик ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳанги миллист.
«Ҳузури Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои бонуфуз на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузургест барои муаррифии шоистаи ҳунари асил ва мероси ғании фарҳангии миллатамон», — таъкид намуд Маҳмадсаид Шоҳиён.
Кинофестивали СҲШ минбари муҳими густариши ҳамкории фарҳангӣ, тақвияти робитаҳои касбӣ ва мубодилаи таҷриба миёни синамогарони кишварҳои аъзои ин созмон мебошад.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар солҳои охир пайваста сиёсати пешбурди синамои миллӣ дар арсаи байналмилалиро амалӣ намуда, Тоҷикистонро дар ҷашнвораҳои бонуфузи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ ва мустанад сазовор муаррифӣ мекунад.