РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон дар Ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист иштирок кард

3 июли соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин Шашумин Ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласаи мазкур Раиси Кумита иштирок намуда, дар суханронии худ аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои “сабз” дар доираи СҲШ-ро таъкид намуд. Инчунин, аз омодагии устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва саҳмгузорӣ дар ташаббусҳои байналмилалии экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим изҳори назар гардид.

Дар доираи чорабнии болозикр вохӯрии дуҷониба бо Вазири экология ва муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Хуан Жунтсю баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо қадамҳои амалӣ оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои институтисоналиро баррасӣ намуданд. Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram