РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот кард

7 июли соли 2025 дар шаҳри Токио мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон  Матсумото Ҳисаши баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии об, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар омодасозии чорабиниҳои муҳим дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои ҳасана ва судманди ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус СММ ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram