РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он барои пазируфтан ба воҳидҳои корӣ озмун эълон менамояд

Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он -«Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, пурра намудани ҳайати эҷодию техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои радиоӣ барои 22 воҳиди корӣ озмун эълон менамояд. Озмун барои вазифаҳои муовини сармуҳаррир, муҳаррир, муҳаррири хурд, наттоқ, барномасоз, коргардон ва танзимгари барномаҳои радиоӣ, роҳандозӣ шудааст.

Талабот ба довталабон:

Доштани маҳорати таҳияи барномаҳои радиоӣ, ровигӣ, садои радиофонӣ, ҳунари банду басти барномаҳои радиоӣ ва огоҳӣ аз фаъолияти чандрасонаӣ, мебошад. Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигорӣ, коргардонӣ ва техникӣ.

 Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1  пешбинигардида;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
  • нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • маълумотнома (справка- объективка)

-маълумотномаи доғи судӣ.

Музди миёнаи меҳнат аз 2026 (ду ҳазору бисту шаш) сомонӣ то 3218 (се ҳазору дусаду ҳаждаҳ)  сомонӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз  31 (Хонаи Радио), телефон барои 

маълумот 227-65-69, 227-59-79.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи radiotoj.tj  дастрас намоед.      

Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram