РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои асри 21-ум

Барои дарки беҳтар ва барои хубтар пай бурдан ба моҳияти хидматҳои бузурги Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон дархури мақсад медонем, ки чанд ҷумла аз суханони Президенти Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро, ки чандин солҳо қабл дар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» гуфтааст, биёварем:
«… Мо ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд.
Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бояд иқрор шуд, ки унвони «Пешвои асри XXI» унвонест, ки номзадҳо танҳо пас аз омӯзиши амиқ ва баррасии ҳамаҷониба сарфароз гардонида мешаванд. Бино бар он, ки бо он роҳбарони давлатҳо сарфароз гардонида мешаванд, фаъолияти онҳо даҳсолаҳои амалҳову дастовардҳои ноилгаштаро бо таъсири мусбат ба ҳаёти халқу кишвар таҷассум менамояд.
Дар раванди қабули қарор ҷиҳати сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» далелҳои зерин ба инобат гирифта шуда буданд:
– мусоидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ, таъмини идоракунии шаффоф ва озодии матбуот, дастгирии равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқҳои инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва бароҳандозии дигар барномаҳои созандагӣ;
– рушди пайгиронаи пояҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон тавассути маблағгузориҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ки дастгириашон ҷавобгӯйи чунин арзишҳои дахлнопазири ҳуқуқи инсон, ба монанди тандурустӣ, маориф ва зиндагии солим, мебошад;
– мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва эҳёи симои таърихии шаҳри Душанбе, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз саъю талошҳои муассир барои таъмини дастгирии ояндаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад;
– рушди доимӣ ва ҳимояи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик, мубаддал гардондани шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои ҳамоиши Аврупою Осиё ва машъали рушд барои тамоми минтақа;
– дастгирии доимии сулҳу субот ва амният дар миқёси ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи андешидани тадбирҳои муҳими байналмилалӣ, ба мисли табдил додани Тоҷикистон ба кишвари сулҳоро ва дорои сарҳадҳои бехатар;
– ҳамчунин равобити дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг, иқтисод, сиёсат, ки заминаи устувори ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бунёд мекунад, хислати рушдкунанда касб намуд» …

Ин суханони шахсест, ки ҳама мушкилӣ ва фалокати ҳодисаи хонумонсӯзе чун ҷанги шаҳрвандиро аз рӯйи шунидааш медонад. Ӯ боре ҳам аз садои тир ва таркиши гулулаву норинҷак дар дили шаб аз хобаш бедор нашудааст; изтироби мардуми дар маҳалли ҷанг воқеъшударо дар вуҷуди худаш эҳсос накардааст; гиряи дилобкунандаи модарро дар сари ҷанозаи фарзанди аз тири дайду ҳалокгардидааш нашунидааст… Вале бо вуҷуди ин ҳама, чӣ суханҳое мантиқӣ ва чӣ таҳсинҳое барҷо бар забон меронад.

Пас мо, мардуми Тоҷикистон, ки дар солҳои 1990-ум даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронидаем ва хотироти талхи он рӯзҳои пурдоғу дард, бо гузашти ин ҳама солҳо, бар мо гаронӣ мекунанд, бо чӣ амалкарде заҳмати шахсиятеро, ки бар ин даргириҳои накбатбору мусибатовар хотима бахшидааст, посух гӯем?
Оё ниёз ба такрор аст, ки муҳимтарин дастоварде, ки Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, ин сулҳу оштии миллӣ аст?

Нуктаи маълум аст, ки ҳар барнома аз муайян намудани ҳадафҳои асосӣ оғоз мегардад. Аз ин нуқтаи назар барномаи, ё ба таъбири дигар, консепсияи сохтмони давлат ин, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани тамоми афроди ҷомеа ва ба даст овардани ваҳдату ягонагии мардуми кишвар аст. Ваҳдату ягонагии афроди ҷомеа фалсафаи асосӣ ва баёнгари мазмуну мундариҷаи созмони муташаккил ва муназзаме чун давлат аст. Ҳамчуноне ки организми инсон барои қобили ҳаёт будан пайваста ғизо металабад, организми мураккабе, чун давлат, низ доимо ниёз ба ғизо дорад. Ва ин ғизо ваҳдату ягонагии мардуми мамлакат аст. Аз ин рӯ ҷараёни таҳкими иттиҳоди иҷтимоӣ на маъракаи якмаротибаӣ, балки иқдомоти доимӣ аст ва дар ҳолати матлуб нигоҳ доштани он муҳимтарин вазифаи дастгоҳи идораи давлат ва институтҳои ҷомеа мебошад. Вале нахуст бояд ин ваҳдатро эҷод кард.

Обрӯю эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чӣ дар пеши мардуми Тоҷикистон ва чӣ дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ дар пеши саршинохтатарин шахсиятҳои сиёсат, пеш аз ҳама, марбут ба хидматҳояш бобати хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дӯши худ гирифта буд, аз аввалин рӯзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Вай дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст… Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».
Бо садоқат бар ин усул, Эмомалӣ Раҳмон тарафи мухолифи давлатро ба музокира даъват кард, то масъалаҳои мавриди талоши ҷониби муқобилро на дар сангарҳо ва на бо силоҳ, балки сари миз ва дар ҷараёни гуфтушуниди мусолиҳатомез ҳал намояд.

Музокироти тоҷикон, ҳарчанд ки мушкил ва тӯлонӣ гардид, барои Тоҷикистон марҳалаи тақдирсозе буд. Дар ҷараёни гуфтушунид, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳим ба имзо расид.
Нуқтаи фарҷоми музокироти байни тоҷикон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд, марҳалаи сифатан тозаеро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон оғоз бахшид.
Имзои Созишнома на танҳо фарҷоми муваффаққиятомези марҳалаи душворе дар таърихи навтарини давлатдории тоҷикон гардид. Ин рӯйдоди фараҳбахш ҳамчунин собит намуд, ки зимоми қудрати Тоҷикистон дар дасти шахсиятест, ки ӯ на танҳо қодир аст ҳадафҳои волои миллӣ, масъалаҳои печидаи сиёсӣ, равандҳои аслии ҷаҳони муосирро дарк ва ташхис намояд, балки тавоноии онро низ дорад, то даст ба иқдомҳои ҷасурона бизанад ва пирӯз гардад.

Барқарор гаштани сулҳ дар мамлакат ба равшанӣ нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро суханаш бо амалаш тавъам аст. Зеро ҳамватанон бо сароҳат дар хотир доштанд, ки ӯ дар нахустин муроҷиатномааш ба мардуми мамлакат, аз ҷумла, гуфта буд:
«…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд ва ба Ҳукумати мамлакат имконият пеш омад, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд.

Соли 2025, ки аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол мегузарад, бо ҷамъбасти даврони гузашта бо итминон метавон гуфт, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқуъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шуданд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду густариш амалӣ мегарданд.

Дар ин солҳо дар ҷумҳурӣ сохти ҷамъиятии сифатан нави ҷавобгӯ ба арзишҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада, иқтисоди бозаргонӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, ки нишонаҳои мусбати онҳо дар рӯҳияи одамон ва тарзи зиндагии онҳо таҷассум гаштааанд.
Вале, дар баробари ин, вазъи бесуботи ҷаҳони муосир, буҳронҳои фарогири иқлимиву молиявӣ моро водор месозанд, ки ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва баҳри ба насли ҷавони имрӯз ва наслҳои оянда омода сохтани шароити зиндагии шоиста кори пурсамар, эҷодҳо ва кашфиётҳои беш аз пешин намоем, то ин ки онҳо тавонанд анъанаҳои арзишманди миллии халқамонро идома диҳанд ва ғанӣ гардонанд.

Зафар Шералӣ Сайидзода,

мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram