15 июли соли 2025 мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон анҷом дода шуд. Дар ин бора аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самти инноватсия ва технологияҳои иттилотӣ ва тақвияти ҳамкориҳои муштарак ибрози андеша намуданд.
Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ниҳодҳои дахлдори кишвари хешро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.