РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Беларус баргузор шуданд

17 сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва Павел Утюпин баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба  дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда шуд.

Идомаи ҳамкории ҷонибҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид,  Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шуд.

Ҷонибҳо аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram