РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ  дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс меҳмонон аз хориҷи ҷумҳурӣ, аз ҷумла  Эрон, Олмон, Афғонистон ва Покистон иштирок карданд. Пеш аз оғози конференсия иштирокдорон намоиши нусхаҳои хаттии девони Ҳофизро тамошо намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро  буда, дар таърихи адабиёти  тоҷику  форс мақоми баланд дорад. Бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram