11 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Русия-Осиёи Марказӣ: рӯзномаи рушди муштарак» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, сафирон, коршиносону муҳаққиқон ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Форуми дуюми коршиносии «Русия-Осиёи Марказӣ: рӯзномаи рушди муштарак» дар Китобхонаи миллӣ, соати 9:00 оғоз мегардад. Дар кори форум мавзуъҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, нооромиҳои глобалӣ, мушкилоти умумӣ дар самти субот, иқтисод, энергетика ва логистика мавриди баррасӣ қарор мегиранд.