РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад

15 октябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии фалак доир мегардад. Дар он муҳаққиқон, санъатшиносон, устодони мусиқӣ, ҳунармандон ва фарҳангшиносони дохил ва хориҷи мамлакат доир ба нақши фалак дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва дурнамои рушди мактаби суннатии он мубодилаи афкор менамоянд. Дар назар аст, ки дар симпозиум аз ҷониби иштирокдорон зиёда аз 30 маъруза пешниҳод гардад.

Ҳамчунин имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, соати 17:00 шоми фалакхонӣ доир мегардад.

16 октябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивали байналмилалии фалак доир мешавад. Дар он фалаксароён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Файзобод, Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак муайян карда шудааст. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат  ҷойгоҳи арзанда дорад.

Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram