13 ноябри соли 2017 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳайати шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон», фаъолияти шабакаи нави мусиқӣ бо номи «Шаҳнавоз» оғоз ёфт. Ин шабака, ки махсус ба рушди мусиқии миллӣ бахшида шудааст, соли 2021 — 16 ноябр бо қарори дахлдор ба Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» табдил дода шуд ва то имрӯз бо фаъолияти пурсамар ва барномаҳои ҷолиби худ шинохта аст.
Ҳадафи асосӣ аз таъсиси ин шабака рушди мусиқии миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳунармандон, сарояндагон ва эҷодкорони тоҷик, ҳамчунин тарғиби фарҳанги бостонӣ ва анъанаҳои мусиқии мардумии тоҷикон мебошад.
Телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» бо таҷҳизоти муосири рақамӣ муҷаҳҳаз буда, барномаҳои худро 24 соат дар шабонарӯз пахш мекунад. Ин шабака ба моҳвора пайваст буда, тамошобинон метавонанд барномаҳои онро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар тамоми ҷаҳон тавассути моҳвора, шабакаҳои кобелӣ ва интернет дар фармати HD тамошо намоянд.
Бино ба иттилои масъулони ин муассиса, мақсад ва вазифаи асосии телевизиони «Шаҳнавоз» иборат аст аз:
- таъмин намудани аҳолии кишвар бо ахбори фарҳангиву мусиқӣ;
- таҳияи барномаҳо дар бораи дастовардҳои мусиқии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
- муаррифии ҳунармандони касбӣ ва истеъдодҳои ҷавон;
- баланд бардоштани завқи эстетикӣ ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ;
- таҳкими мавқеи фарҳанги тоҷик дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, шабакаҳои телевизион ва радио нақши назаррас дар инъикоси рушду пешрафти соҳаҳо, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ бозиданд. Дар ҳамин замина, телевизиони «Шаҳнавоз» низ бо мундариҷаи фарҳангиву маърифатии худ саҳми арзанда дорад.
Имрӯз аз ҷониби кормандони ин шабака зиёда аз 30 барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ таҳия ва пешкаш мегарданд, ки аз ҷумлаи онҳо барномаҳои маъруфи «Мондагор», «Фуруғи Шашмақом», «Истеъдод», «Набзи наво», «Шиносномаи ҳунар», «Садои ошно», «Эъҷози эҷод», «Чеҳра», «Навоҳанг», «Ситораи ҷаҳон», «Даргоҳи ҳунар», «Файзи Истиқлол», «Рози наво», «Шоми Шаҳнавоз», «Мутриби хушнаво», «Руҳафзо» ва «Савти Фалак» мебошанд. Ин барномаҳо дар миёни тамошобинон маҳбубияти зиёд доранд.
Телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» имрӯз ба яке аз василаҳои муҳими муаррифии фарҳанг ва ҳунари миллии тоҷикон табдил ёфтааст. Кормандони он бо масъулияти баланд ва муҳаббат ба ҳунар талош доранд, то барномаҳои шабака ҳамеша ҷолиб, мукаммал ва ҷавобгӯи завқи бинандагони гуногун бошанд.
