Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии якуми вазирони фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин чорабинии муҳим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими муколамаи минтақавӣ ва ҳифзи мероси фарҳангиву маънавии кишварҳои минтақа равона гардида, дар доираи он ҳамчунин Конгресси байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси маънавӣ ва маърифат дар Осиёи Марказӣ» доир мешавад.
