РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ дар Боку иштирок кард

Аз 17 то 28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба рушдиалоқаи барқӣ (WTDC-2025) баргузор гардида истодааст, ки мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барқӣ (ITU) буда, ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона гардидааст. Дар ин хусус аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин конфронс нақшаи стратегии рушди бахши алоқаи барқии ИБА барои давраи чорсолаи оянда қабул гардида, афзалиятҳои соҳа муайян карда мешаванд.

Дар доираи конфронси мазкур сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram