РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» чорабинии тантанавӣ ва тамошои дастҷамъонаи намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯйи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар додаанд.

Иброз гардид, ки  дар Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ифодагари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бахусус Парчами давлатӣ мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки ифтихори миллии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ буда, гувоҳи равшани истиқлолияти мамлакат, таҷассуми ғурури миллӣ ва ифодаи ватандӯстии мо мебошад.

Театр ҳамчун падидаи санъати ҷаҳонӣ дар инъикоси ҳаёт, тарбияи ахлоқӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ҳамеша нақши муҳим бозидааст. Дар ин робита театри тоҷик низ истисно нест. Он на танҳо макони намоиши асарҳои бадеӣ, балки ганҷинаи арзишманди фарҳанги миллӣ, оинаи рӯзгори мардум ва манбаи илҳоми наслҳои гуногун буда, парчамбардори фарҳанги миллии мо аст.

Намоиши «Достони Сиёвуш»-ро ҳунармандони театр бо касбияти баланд манзур намуданд ва он аз ҷониби тамошобинон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram