Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Мачлиси намояндагон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ғанизода Шуҳрат, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидзода Фирдавс, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Набизода Тоҳир, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Аҳрорзода Шуҳрат, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Наботзода Сиёвуш, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Солизода Наима, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Матробиён Саодатшо муаррифӣ намуданд.
