21-22 январ дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Эрон ва Покистон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор дар ин ҷаласа ба рушди муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад.
Кишварҳои аъзо зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ, рушди низоми огоҳии барвақтӣ, баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва татбиқи чаҳорчӯбаи ҳамоҳангшударо барои муқобила бо хавфҳои рӯзафзуни офатҳои табиӣ, аз ҷумла офатҳои ба тағйирёбии иқлим вобаста таъкид намуданд.
Иштирокчиёни давлатҳои аъзо барои истифодаи технологияҳои муосир дар самти коҳиши хатари офатҳо, татбиқи чораҳои пешгирикунанда ва таҳкими иқтидори минтақавӣ тавассути Маркази миллии амалиётии ҳолатҳои фавқулода изҳори омодагӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Эъломияи Исломобод қабул карда шуд, ки дар асоси он давлатҳои аъзо уҳдадории худро барои коҳиши хатари офатҳо бо назардошти манфиатҳои аҳолӣ ва фарогирӣ тасдиқ намуданд.
