РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мешавад

 Пагоҳ, 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз ва  техникаҳои соҳавӣ  пешниҳод мегарданд.

Чун анъана дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Дар атрофи  он сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд шодмонӣ кунанд.

Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Дар назар аст, ки дар ҳар гӯшаи  ҷашнгоҳ кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаашон, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо   пешниҳоди сокинон гардонанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  бораи ин ҷашни бостонӣ   чунин баён доштаанд: «Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некию саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамию пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамию хушбахтӣ хоҳад овард».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram