Дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи синамо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо намояндагони ширкати синамоии Эрон — «Itoksima» мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар додад.
Дар ин дидор директори муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён ва намояндагони ширкати мазкур масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи синамо, аз ҷумла роҳандозии таҳияи филмҳои муштараки ҳунарӣ ва таърихиро баррасӣ намуда, аз оғози таҳияи филми бадеии муштарак бо номи «Калом дар роҳ» хабар доданд.
Дар навбати худ Муҳаммадризо Гавҳарӣ, филмноманависи ширкати «Itoksima», гуфт, ки мо итминон дорем ин ҳамкорӣ оғози саҳифаи нав ва самаранок дар равобити фарҳангӣ ва синамоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Точикистон хоҳад буд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба офаридани филмҳо дар бораи шахсиятҳои барҷастаи тоҷику форс, аз он ҷумла, Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон изҳори андеша намуданд.
