12 марти соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмон, инчунин Барномаи кишварии навбатии UNFPA дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.