РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАРТИБИ ПАХШИ БАРНОМАҲО БАРОИ ИМРӮЗ, 15.06.2026. БАРНОМАҲОИ МОРО ТАРИҚИ МАВҶИ 106.5 FM ПАЙГИР БОШЕД

Мавҷ дар ш. Душанбе ва шаҳру навоҳии атрофи он 106,5 FM, вилояти Хатлон 106,8 FM, вилояти Суғд 106,1 FM, ш. Хоруғ 103. FM, н. Зафаробод 104,5 FM, ш. Турсунзода 102,5 FM.

07.00. Сароҳанг. «Оғози гуфторҳо».

07.03. Субҳона. (Орг.) (Масъул: Наврӯзи Файзалӣ.) Барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ.

08.03. «Тартиби пахши барномаҳо». (Орг.) (Боймамадова Г.) Пахши «Навид» соатҳои 08-00, 09-05, 10-00 (60 сония), 11-00, 12-00, 13-00 (60 сония), 14-00, 15-00 (забони русӣ), 16-00 (60 сония), 17-00, 19-00.

08.05. «Оинадори нур». (Орг.) (Мустақим.) (Масъул: Урунбоев Ҳ.) Дар меҳмонии радиои «Фарҳанг», «Як ғазал», «Маслиҳати муфид».

09.00. «Ахбор» (мустақим). «Аз ёдҳо». (так.) (Масъул: Моҳшариф Холиқзода.) Мавзуъ: «Дар бораи рӯзгор ва фаъолияти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов». Меҳмони барнома оҳангсоз, устоди мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии санъат ба номи Миратулло Атоев Абдураҳмон Ҳусейнов, яке аз шогирдони Зафар Нозим. Ролик: «Ваҳдат».

09.40. Сурудҳои дунафара. «Тафсири як байт».

09.55. «Лирика-3» стихи на русском языке. (так.) (Назаров Д.) Ролик: «Фарҳанг».

10.00. «Хониши бадеӣ». «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Қисми 1. Ровӣ: А. А. Хӯҷамқул. Г-33 (70).

10.30. Сурудҳо дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтов. Ролик: «Истиқлол».

10.50. «Лаҳзаи тафреҳ». (Л. Қурбонова.) Ролик: «Фарҳанг».

10.52. «Порча аз маҳфили “Шоҳномахонӣ”». (Орг.) (Солиев С.) Мавзуъ: «Гирифтани Рустам Рахшро».

11.00. «Ахбор» (мустақим). «Чеҳраҳо». (Л. Қурбонова.) Амирбек Мусозода. Ролик: «Фарҳанг».

11.20. Сурудҳо дар иҷрои сароянда Ҳабиба Давлатова. «Тафсири як байт».

11.30. «Фарҳанги рӯз». (так.) (Масъул: Инобат Малангова.) Мавзуъ: Тарбияи ҷавонон дар замони муосир. Суҳбат бо Мирсаид Раҳмонов, корманди АМИТ ва Сардори Раёсати тарбияи ДМТ Мардихудо Давлатов. Ролик: «Фарҳанг».

11.50. «Притча-4» стихи на русском языке. (так.) (Назаров Д.) Ролик: «Фарҳанг».

12.00. «Ахбор». «Ҳунарвар». (Орг.) (М. Исмоилова.) Мавзуъ: Суҳбат бо ҳунарманд Амина Усмонова. Ролик: «Ваҳдат».

12.20. Сурудҳо дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов. «Тафсири як байт».

12.35. «Притча-3». (так.) (Назарова С.) Ролик: «Фарҳанг».

13.00. «Тозаангорҳо». «Боғи шафтолу»-и Шоҳмансури Шоҳмирзо. Ровӣ: Абдуҷалил Амон. Г-8 (11). Ролик: «Китоб».

13.28. «Лаҳзаи тафреҳ». (Л. Қурбонова.) Ролик: «Тобистон».

13.30. «Манзари назар». (так.) (Масъул: Ғайратшоҳ Аҳмадзод.) Мавзуъ: «Ваҳдат ва хотираҳо. Нақши адабиёти муосир дар ҳувиятсозӣ ва шинохти истиқлол». Мусоҳиб: Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёт ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи А. Рӯдакӣ Аскар Ҳаким. Ролик: «Ваҳдат».

14.00. «Ахбор» (мустақим). «Найистони наво». (Орг.) (Мустақим.) (Масъул: Г. Ниёззода.) Мавзуъ: Рӯзгор ва фаъолияти эҷодии сарояндаи маҳбуби кишвар Соиб Назрӣ. Ролик: «Фарҳанг».

14.57. Суруди миллӣ.

15.00. «Ахбор». «Ин заминро арҷ аз арш аст». «Вақоеъномаи Аспандоз»-и Клара Маисеевна. Г-18 (25). Ровӣ: Ҷ. Асрориён.

15.25. «Назари мо». (Орг.) (Масъул: Сафарова Д.) Мавзуъ: Вобаста ба усули аблятсияи микромавҷии омосҳои хушсифати ғадуди сипаршакл аз ҷониби ассистенти кафедраи ҷарроҳии №1 ба номи Аҳмад Каримов. Мусоҳиб: Абдурауф Қодиров – устоди ДМТ.

15.35. Сурудҳои ватандӯстона. «Тафсири як байт».

15.45. Порча аз маҳфили «Шоҳномахонӣ». (Орг.) (Солиев С.) Мавзуъ: «Кушта шудани Нузар ба дасти Афросиёб». «Тафсири як байт».

15.55. «Шеъри рӯз». «Шиносномаи меҳр». Ровӣ: Бузургмеҳри Ҳаким. Ролик: «Тобистон».

16.00. «Хома». (так. аз 04.06.26.) (Масъул: Барно Тағоева.) Мавзуъ: Китоби тозанашри шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи рӯзноманигорон Валиҷон Акбарӣ ва маҷмуаи шеърии ӯ «Гулбоғи мухаммас». Суҳбат бо муаллиф.

16.20. Сурудҳо дар иҷрои сароянда Парвина Шукруллоева. «Тафсири як байт».

16.40. «Порча аз маҳфили “Шоҳномахонӣ”». (Орг.) (Солиев С.) Мавзуъ: «Гирифтани Рустам Рахшро». Ролик: «Ваҳдат».

16.50. «Шеъри рӯз». «Шиносномаи меҳр». Ровӣ: Бузургмеҳри Ҳаким. Ролик: «Тобистон».

17.00. «Ахбор» (мустақим). Радиоинсенировкаи «Ишқи аввал»-и Маъруф Бобоҷонов. Ролик: «Театр».

17.25. «Чароғи роҳ». (так. 10.06.26.) (Масъул: Ворис Калонов.) Мавзуъ: «Дониш – роҳи камоли инсон». Ролик: «Тобистон».

18.20. Бахши «Ганҷи бостон». (Орг.) (Солиев С.) Мавзуъ: «Хазинаи Амударё».

18.30. «Ангубин». (так.) (Масъул: Хуҷаёров У.) Мавзуъ: Доир ба забони шеърҳои Робиаи Балхӣ. Андешаҳои доктори илми филология Масрур Абдуллозода. Ролик: «Фарҳанг».

19.00. «Ахбор» (мустақим). «Хониши бадеӣ». «Ишқи нотамом»-и Дорюш Раҳимзода. Ровӣ: Л. Сатторӣ. Г-4 (22). Ролик: «Китоб».

19.25. Сурудҳо дар иҷрои сароянда Фарзона Шодиева. «Тафсири як байт».

20.00. Созҳои миллӣ. Маълумот дар бораи сози миллӣ «Сетор». Ролик: «Ваҳдат».

20.15. «Порча аз маҳфили “Шоҳномахонӣ”». (Орг.) (Солиев С.) Мавзуъ: «Гирифтани Рустам Рахшро». Ролик: «Истиқлол».

20.25. «Биё-биё хобаки ширин». Достони «Му-му»-и И. С. Тургенев. Ровӣ: Б. Шукурова. Г-3 (16). Ровӣ: Геран Одинаева. «Бе такрор».

20.35. Сурудҳо дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хуршед Алидод. «Тафсири як байт».

20.55. «Шеъри рӯз». «Шиносномаи меҳр». Ровӣ: Бузургмеҳри Ҳаким. Ролик: «Тобистон».

21.00. «Хониши бадеӣ». «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ. Г-135 (221). Ролик: «Китоб».

21.40. Суруду оҳангҳои халқӣ ва классикӣ. Ролик: «Васфи Тоҷикистон».

Соати 21-00 анҷом.

Навид: Малангова И.
Коргардон: Воҳидов П.
Муҳаррир: Боймамадова Г.
Сармуҳаррир: Солиев С.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram