Дар шаҳри Остона ҷаласаи намояндагони аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони аршад дар нишаст масоили мухталифи тадорукотӣ ва мундариҷавии нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Идибек Қаландар роҳбарӣ намуд.