Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳияи нақшаи мавзуӣ-экспозитсионии «Осорхонаи қонуни тамаддуни ориёӣ» озмун эълон менамояд.
Ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар озмун шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҳисоби шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Ба ҳайати гурӯҳ ҷалби осорхонашиносон, муаррихон, бостоншиносон, санъатшиносон, фарҳангшиносон, мардумшиносон, меъморон ва дизайнерҳои экспозитсия иҷозат дода мешавад.
Лоиҳа бояд бар асоси Консепсияи илмии Қонуни тамаддуни ориёӣ таҳия шуда, сохтори экспозитсия, бахшҳо, маводи осорхонавӣ, тартиби ҷойгиркунии ашё ва самти ҳаракати тамошобинонро дар бар гирад. Истифодаи сарчашмаҳои илмии муътамад, маводи осорхонаҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти муосир ҳатмӣ мебошад.
Лоиҳа бояд се марҳилаи асосӣ — Консепсияи илмӣ, Нақшаи мавзуӣ-сохторӣ ва Нақшаи мавзуӣ-экспозитсиониро фаро гирад.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳа як моҳ аз рӯзи нашри эълон муқаррар шудааст. Барои ғолиби озмун 50 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ гардидааст.
Корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи озмун бо назардошти сатҳи илмӣ, навоварӣ, ҷолибияти экспозитсионӣ, аҳаммияти фарҳангӣ ва имконияти амалии татбиқи лоиҳа баҳогузорӣ карда мешаванд.