РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд

27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (DFC) оид ба сиёсати хориҷӣ Бетани Акилина Брез мулоқот намуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ дурнамои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки барои тарафҳо судманд баррасӣ гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маъданҳои муҳим, энергетика, инфрасохтор ва авиатсия, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид. Ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушд ҳавасмандии худро ба густариши фаъолият дар Тоҷикистон, омӯзиши лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва анҷом додани сафар ба мамлакат  барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории Тоҷикистон изҳор намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram