РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» баргузор мегардад

5 сентябр дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон гардидани 31 август, ки дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, Фестивали кушоди шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «AI ALLEY» ё «Хиёбони зеҳни сунъӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Фестивал бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он рушди маърифати рақамӣ, ҷалби ҷавонон ба технологияҳои муосир ва фароҳам овардани майдони муносиб барои муаррифии роҳҳалҳои инноватсионӣ мебошад.

Дар фестивал ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таҳиягарон иштирок намуда, таҷриба ва маҳсулоташонро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ мекунанд. Барномаи фестивал намоиши технологияҳо, дарсҳои маҳорат, маърузаҳои кӯтоҳ, машғулияти амалӣ, озмунҳо ва барномаҳои интерактивиро дар бар мегирад.

Фестивал 5 сентябр, аз соати 17:00 то 22:00 идома ёфта, сокинону меҳмонони пойтахтро бо имконоти навтарини зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ шинос мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram