Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ 16 феврал дар шаҳри Тошканд вохӯрии ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи равобити мутақобили судманд дар самти муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳадафи асосии сафари ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон омӯзиши таҷрибаи Агентии муқовимат ба коррупсияи ин кишвар ба роҳ мондани чораҳои пешрафтаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.