РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси миллӣ дар мавзуи «Ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, таъкид кард, ки имрӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон 106 диаспораи тоҷик фаъолият дошта, робитаи худро бо Ватани таърихӣ нигоҳ медоранд.

Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, корфармоён ва намояндагони диаспораҳои тоҷик иштирок доранд. Мавзуи асосии баҳсҳо густариши ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, истифодаи имкониятҳои касбӣ, зеҳнӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории онҳо барои рушди кишвар мебошад.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими робитаи ҳамватанон бо Ватан ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ мешаванд. Намояндагони диаспораҳои тоҷик, аз ҷумла аз минтақаҳои гуногуни Русия, таҷриба ва пешниҳодҳои худро ироа мекунанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram