РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё (АПО) оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз гардид, ки ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати аъзоро барои баррасии масъалаҳои ҳамкории иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ гирди ҳам овард.

Дар кори ҷаласа роҳбарону ҳайатҳои парламентии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бутан, Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Камбоҷа, Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Салтанати Умон, Чин, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия, инчунин Дабири кулли АПО ва котиботи Ассамблея иштирок доранд.

Тоҷикистон солҳои 2026–2027 раёсати Кумитаи доимии АПО оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба уҳда дорад ва баргузории ҷаласаи Душанбе аз рӯйдодҳои асосии ин давраи раёсат ба шумор меравад.

Ин раёсат барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки фаъолияти кумитаро ҳамоҳанг созад, ҳамкории байни парламентҳои давлатҳои аъзоро таҳким бахшад ва пешбурди масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти минтақавиро тақвият диҳад.

Ҷаласа идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблея буда, ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои Осиё дар самтҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона шудааст.

Ассамблеяи парламентии Осиё яке аз ниҳодҳои муҳими ҳамкории байнипарламентии қитъа буда, парламентҳои давлатҳои аъзоро барои рушди муколама, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои дорои манфиати муштарак муттаҳид менамояд.

Дар доираи фаъолияти он ҷаласаҳои пленарӣ, кумитаҳои доимӣ ва дигар чорабиниҳои байнипарламентӣ баргузор мешаванд, ки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро фаро мегиранд.

Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доираи васеи масъалаҳоро, аз ҷумла ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар фаъолияти парламентӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону ҷавонон, муколамаи байнидинӣ ва рушди сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Дар давраи раёсати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкории қонунгузорӣ ва табодули таҷрибаи байни парламентҳои давлатҳои аъзо дар ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зоҳир карда мешавад.

Соли 2026 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё эълон гардидааст, ки баргузории ҷаласаи Кумитаи доимии АПО дар ҳамин шаҳрро бо нақши он ҳамчун майдони муҳими муколамаи байнипарламентии минтақа ҳамоҳанг месозад

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram