Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии асари нави муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Намакдони миллат кафӣ дасти ӯст!» баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маҷмуаи мазкур , корномаи Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони навин ва эъмори сулҳу ваҳдати миллиро ифода намуда,зинаҳои тайкайдаи 35 соли Истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад.Баррасии ҳифзу ҳимояти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ хонандаро ба дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ талқин мекунад.
Дар рӯнамоӣ намояндагони соҳаи фарҳангу адаб, аҳли зиё ва муҳаққиқон иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти асар ва нақши он дар бозтоби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ карданд.
Китоб бо 128 саҳифа соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расида, муҳаррири он Раҳмоналӣ Мирализода ва мушовиронаш Сатториён М.А. ва Неъматзода М. мебошанд.
Рӯнамоии асари мазкур дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ равона шудааст.