РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат

14.10.2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо дар фаъолияти созандаатон барору комёбӣ ва ба хотири ободии Ватани азизамон ташаббусҳои нав орзу менамоям.

Рӯзи соҳибкорон рамзи эътирофи заҳмати шахсоне мебошад, ки бо ташаббус ва сармояи худ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд мекунанд, ҷойи кор таъсис медиҳанд, молу маҳсулоти рақобатнок истеҳсол менамоянд, хизматрасониро ба роҳ мемонанд ва дар рушду пешрафти давлат саҳм мегузоранд.

Лозим ба ёдоварист, ки мардуми тоҷик анъанаҳои деринаи соҳибкорӣ ва созандагӣ доранд ва дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ дар ташаккули робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла Роҳи абрешим саҳми бузург гузоштаанд.

Мулоқоти имрӯзаи мову шумо дар соли барои мардуми мо таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Мардуми Тоҷикистон ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас, корҳои бузурги ободонӣ ва руҳияи баланди созандагӣ таҷлил намуданд.

Дар ҳамаи ин пешравиҳо, қабл аз ҳама, саҳми соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр арзишманд мебошад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ онҳо дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳ фаъолона иштирок намуданд.

Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.

Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ, 734 пул бунёд гардидааст.

Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ин натиҷаҳо ифодаи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибкорони мамлакат мебошанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободиву пешрафти кишвар миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба шарикони рушд, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ барои эътимод ба Тоҷикистон ва ҳамкории судманд дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ сипос мегӯям.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали гузариш ба муносибатҳои бозорӣ моликияти хусусӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобати солимро ҳамчун асосҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ эътироф намуд.

Дар ин раванд, давлат барои ташаккули бахши хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкон ва фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» кафолатҳои фаъолияти озод ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон муқаррар шудаанд, ки иҷрои пайгиронаи онҳо бояд аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, сабукиҳои андозиву гумрукӣ, роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ, инчунин эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.

Имрӯз дар қонунгузории кишвар барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумат ба мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ истеҳсоли беш аз сад намуди онҳо аз пардохти андоз озод карда шудааст.

Илова бар ин, дар кишвар панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва технологияҳои рақамӣ бо низоми имтиёзноки андозбандӣ амал мекунад.

Натиҷаи ҳамин сиёсати пайгирона аст, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ ҳам дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар таъмин намудани шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад.

Беш аз 80 фоизи даромадҳои андозӣ ба буҷети давлатро бахши хусусӣ ташкил медиҳад.

Ҳоло дар мамлакат 395 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор зиёд гардидааст.

Ҳадафи мо то соли 2030 расонидани шумораи онҳо на кам аз 500 ҳазор мебошад.

Дар баробари афзоиши шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, барои давлат муҳим аст, ки онҳо фаъолияти устувор, ба истеҳсолот нигаронидашуда, инноватсионӣ ва ба таъсиси ҷойҳои кории бештар равонагардида дошта бошанд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 содироти маҳсулоти коркардшуда ду баробар зиёд ва ҳиссаи қарзҳои ба истеҳсолот равонагардида дар сандуқи қарзии низоми бонкӣ ба беш аз 40 фоиз расонида шавад.

Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 177 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил дод.

Дар нуҳ моҳи соли 2026 низ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,3 фоиз таъмин гардид.

Ин пешравӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи сулҳу субот, сиёсати иқтисодии давлат ва заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон мебошад.

Бахши хусусӣ метавонад омили асосии афзоиши рақобатнокии миллӣ, ҳавасмандгардонии навовариҳо ва тақвияти суботи иқтисодиву иҷтимоӣ гардад.

Дар баробари ин, суръати баланди рушд бояд ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, зиёд шудани истеҳсолоти рақобатнок ва таъсиси ҷойҳои кории сермаҳсул табдил ёбад.

Ин меъёри асосие мебошад, ки мо фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бахши хусусиро бояд аз рӯйи он арзёбӣ намоем.

Истифодаи самараноки дониш ва технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бояд ҳадафи марҳалаи нави рушди соҳибкорӣ бошад, ки дар он соҳибкории қавӣ ва фазои мусоид нақши муҳим мебозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар 25 соли охир барои рушди иқтисоди кишвар 760 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 337 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст.

Маблағҳои зикршуда барои бунёди неругоҳу хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва рушди дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ истифода гардидаанд.

Дар ин раванд, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба истеҳсолот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бояд ҳамдигарро тақвият диҳанд, яъне давлат инфрасохтори заруриро фароҳам меоварад ва сармояи хусусӣ ба таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои кории нав равона карда шавад.

Соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» қабул ва Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040 тасдиқ гардид, ки муқаррароти санадҳои зикршуда бояд дар ҳамаи сатҳҳо пурра ва яксон татбиқ карда шаванд.

Таъкид менамоям, ки дар шароити рақобати шадиди ҷаҳонӣ, дар баробари ҳаҷми сармоя, самаранокии истифодаи он низ бисёр муҳим мебошад.

Зарур аст, ки сармояи ҷалбшуда ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир, таъмини шуғли пурмаҳсул, афзоиши содирот ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардад.

Созишномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои муҳимми истеҳсоливу энергетикӣ мусоидат намоянд.

Дар ин самт иҷрои саривақтии уҳдадориҳои ҳам давлат ва ҳам сармоягузор бояд таъмин карда шавад.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат шумораи корхонаҳои саноатӣ имрӯз ба беш аз 4 ҳазор расидааст.

Танҳо дар солҳои 2019 – 2025 беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ бунёд карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, захираву имкониятҳои мамлакат талаб менамоянд, ки суръат ва сифати саноатикунонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 4054 корхонаи саноатӣ 631 корхона фаъолият накарда, дар 1234 корхонаи амалкунанда афзоиши истеҳсолот таъмин нагардидааст.

Ин иқтидорҳои истифоданашуда бояд ба кор дароварда шаванд.

Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибони корхонаҳо бояд сабабҳои ҳолати мазкурро дар ҳар як корхона муайян намуда, барои барқарор ё васеъ кардани истеҳсолот чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бо ин, таъсиси корхонаҳои нав на танҳо аз рӯйи шумора, инчунин, аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи технологӣ, ҷойҳои кории доимӣ ва қобилияти рақобат дар бозор бояд арзёбӣ карда шавад.

Мо бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва пайвастани корхонаҳои кишварро ба занҷираҳои минтақавию байналмилалии истеҳсол ва савдо вусъат бахшем.

Дар ин самт соҳаҳои саноати маъдан, металлургия, сабук ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва технологияҳои рақамӣ имконияти зиёд доранд.

Корхонаҳои калон бояд ҳамкориро бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ густариш дода, корхонаҳои хурду миёнаро тавассути хариди ашёи хом, мол ва хизматрасонӣ ба занҷираҳои истеҳсолии худ ҷалб намоянд.

Ҳамзамон бо ин, навсозии корхонаҳо бояд бо дарназардошти принсипҳои «иқтисоди сабз», аз ҷумла сарфаи неруи барқ ва об, кам кардани партовҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф амалӣ карда шавад.

Ба роҳ мондани фаъолият дар асоси истифодаи тамғаи молӣ ва таҷрибаи кории ширкатҳои маъруф метавонад ба азхудкунии стандартҳои сифат, технология ва усулҳои муосири идоракунӣ, инчунин ба рушди истеҳсолоту хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон барои ҳар як минтақа лоиҳаҳои асосноки истеҳсолиро таҳия намоянд.

Ин лоиҳаҳо бояд бо дарназардошти ашёи хом, инфрасохтор, бозори фурӯш, захираҳои меҳнатӣ ва манбаи маблағгузорӣ таҳия гардида, дастгирии онҳо аз пешниҳоди аввал то оғози истеҳсол таъмин карда шавад.

Сармоягузору соҳибкор набояд барои ҳалли масъалаи замин, пайвастшавӣ ба неруи барқ, иҷозат, инфрасохтор ва дигар расмиёт миёни идораҳо саргардон шавад.

Мақомоти маҳаллӣ бояд барои татбиқи чунин лоиҳаҳо қитъаҳои замини омодашуда, инфрасохтори зарурӣ, маълумоти дақиқ ва қабули саривақтии қарорҳоро таъмин намоянд.

Дар робита ба ин, соҳибкоронро даъват менамоям, ки ба роҳандозии фаъолият танҳо дар шаҳрҳои калон маҳдуд нашаванд ва ба ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон низ сармоягузорӣ намоянд.

Дар минтақаҳои зикршуда захираҳои табиӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва неруи корӣ фаровонанд ва ҳар як корхонаи нав дар онҳо ҷойи корро ба маҳалли зисти мардум наздик карда, ба коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади ҳавасманд намудани чунин ташаббусҳо Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки механизми дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолиро дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон таҳия намояд.

Соҳибкорону сармоягузоронро даъват менамоям, ки дар баробари татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ ба бунёду навсозии инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдасту кӯҳистон, ки дорои имкониятҳои сайёҳӣ мебошанд, сармояи бештар равона намоянд.

Ҷаҳон ба давраи зеҳни сунъӣ ворид шудааст ва ин раванд қоидаҳои рақобатро дар ҳамаи соҳаҳо тағйир медиҳад.

Истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои нав метавонад арзиши аслии маҳсулотро кам карда, ҳосилнокии меҳнатро баланд бардорад.

Мо Стратегияи рушди зеҳни сунъиро барои давраи то соли 2040 қабул кардаем.

Неруи барқи «сабз» ва захираҳои фаровони об барои фаъолияти марказҳои коркарди маълумот имконият фароҳам меоваранд.

Аҳолии ҷавон низ барои азхудкунии технологияҳои нав неруи бузург мебошад.

Барои истифодаи пурраи ин имкониятҳо зарур аст, ки рақамикунонии истеҳсолоту идоракунӣ, ҳамгироии маълумот ва омодасозии мутахассисон суръат бахшида шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, бо дарназардошти талаботи иқтисоди миллӣ ва бахши хусусӣ, таъсиси факултету кафедраҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин шуъбаҳо ва ихтисосҳои дахлдорро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ вусъат диҳанд.

Дар ин раванд, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, омодасозии омӯзгорони соҳибихтисос, ташкили озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо корхонаҳо ва ширкатҳои технологӣ таъмин карда шавад.

Мақомоти зикршуда дар муҳлати се моҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххасро бо муайян намудани муассисаҳои таълимӣ, муҳлати иҷро ва манбаъҳои маблағгузорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки дар муҳлати се моҳ нақшаи мукаммали ташаккули соҳибкории рақамиро таҳия ва аз соли 2027 амалӣ намоянд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар муҳлати се моҳ шартҳои ҷалби сармояро барои бунёди марказҳои коркарди маълумот бо истифода аз неруи барқи «сабз» таҳия ва ба сармоягузорон пешниҳод намоянд.

Ҳангоми ҷорӣ намудани ҳар як низоми рақамӣ амнияти киберӣ ва ҳифзи маълумот бояд таъмин карда шавад.

Соҳибкоронро даъват менамоям, ки бо дарназардошти ниёзи корхонаҳои худ баҳисобгирӣ, фурӯш, идоракунии истеҳсолот ва назорати сифатро рақамӣ карда, аз зеҳни сунъӣ барои таҳлили маълумот ва қабули қарорҳои асоснок истифода баранд.

Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бояд аз соли 2027 дар ҳамаи минтақаҳо курсҳои ройгони саводнокии рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро барои соҳибкорон, бахусус занону ҷавонон ба роҳ монад.

Дар баробари навсозии истеҳсолот, таҳкими мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ вазифаи муҳимми соҳибкорон мебошад.

Солҳои охир ҳаҷми содироти мамлакат тадриҷан зиёд шуда истодааст ва дар нуҳ моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Вале қисми зиёди афзоиши содирот аз ҳисоби металлҳои қиматбаҳо ва маъдан таъмин гардидааст.

Аз ин рӯ, бояд ҳиссаи маҳсулоти тайёру коркардшуда дар содирот зиёд ва номгӯйи молҳои содиротӣ васеъ карда шавад.

Барои ин ҷалби технологияҳои муосир, мутобиқ намудани маҳсулот ба стандарту талаботи бозорҳои хориҷӣ, сертификатсия, бастабандии босифат ва рушди хизматрасониҳои нақлиётиву логистикӣ зарур аст.

Эътимод ба тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» бояд бо сифати устувори маҳсулот ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавӣ таҳким бахшида шавад.

Маҳсулоти мо боз як бартарии муҳим дорад, яъне барои истеҳсоли он неруи барқе истифода мешавад, ки дар кишварамон асосан аз манбаъҳои «сабз» тавлид мегардад.

Кишварҳое, ки чунин ҳиссаи баланди неруи барқи «сабз» доранд, дар ҷаҳон каманд ва ин омили муҳимми баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ мебошад.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Бонки миллӣ, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадоранд, ки барои истеҳсолкунандагон низоми амалии дастгирии содиротро аз омӯзиши бозор ва сертификатсия то логистика, суғуртаи хавфҳо ва дарёфти шарикони тиҷоратӣ ба роҳ монанд.

Самти дигари дорои имконияти бузург кишоварзӣ мебошад.

Соли 2025 рушди соҳаи кишоварзӣ 9,5 фоиз ва дар нуҳ моҳи соли 2026-ум 8,2 фоизро ташкил дод.

Баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани коркард ва даромади устувори кишоварзон вазифаи минбаъда мебошад.

Норасоии иқтидорҳои нигоҳдориву коркард, озмоишгоҳҳои сертификатсия ва маблағгузории мавсимӣ ба истифодаи пурраи имкониятҳои соҳа монеъ мешаванд.

Аз ин рӯ, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо соҳибкорон бояд талаботи минтақаҳоро ба иқтидорҳои нигоҳдориву коркард муайян намуда, лоиҳаҳои занҷираи пурраи «истеҳсол – нигоҳдорӣ – коркард – логистика – фурӯш»-ро ба сармоягузорон пешниҳод намоянд.

Соҳибкоронро даъват менамоям, ки ба бунёди гармхонаву сардхонаҳо, марказҳои логистикӣ, истеҳсоли нуриҳои минералӣ, хӯроки чорво ва коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ бештар сармоягузорӣ намоянд.

Вазоратҳои молия, кишоварзӣ ва Кумитаи андоз якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани имтиёзи андози амволи ғайриманқул нисбат ба гармхона ва сардхонаҳое, ки барои истеҳсол ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, санадҳои дахлдорро то охири соли ҷорӣ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!

Яке аз мушкилоти асосие, ки шумо пайваста ба миён мегузоред, дастрасӣ ба маблағҳои дарозмуддат ва нисбатан арзон мебошад.

Дар даҳ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иқтисоди кишвар 143 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Танҳо дар соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 30 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли қаблӣ 22 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зиёда аз 5 миллион қарзгиранда ба маблағи умумии 26,8 миллиард сомонӣ қарз додаанд.

Дар ин давра ҳиссаи қарзҳои ба соҳаҳои истеҳсолӣ равонашуда дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 27 фоизро ташкил додааст.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки маблағи қарз бояд бештар ба соҳаҳое равона гардад, ки маҳсулот истеҳсол мекунанд ва ҷойи кори доимӣ таъсис медиҳанд.

Бонки миллӣ бояд дар доираи ваколатҳои худ барои васеъ намудани маблағгузории соҳаҳои истеҳсолӣ ва танзими ин масъала шароити мусоид фароҳам оварад.

Ташкилотҳои қарзӣ бояд пешниҳоди қарзҳои дарозмуддатро ба лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, коркард, сайёҳӣ ва хизматрасониҳои содиротӣ, бо дарназардошти қобилияти баргардонидани қарз ва ҳифзи устувории низоми бонкӣ, зиёд намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки рақобат дар бозори молиявӣ тақвият ёфта, хароҷоти амалиётӣ ва меъёри фоизи қарзҳо тадриҷан паст карда шавад.

Дар навбати худ, соҳибкорон бояд баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоракунии корпоративиро беҳтар намуда, ҳисоботи молиявиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ таҳия ва аз аудити мустақил гузаронанд.

Ҳисоботи шаффофу боэътимод ва лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок имкониятҳои ҷалби маблағгузориро аз институтҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ватаниву хориҷӣ васеъ мегардонанд.

Гардиши расмии маблағҳо, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо ва таърихи қарзии мусбат эътимодро миёни бонкҳо ва сармоягузорон тақвият медиҳад.

Бонкҳо низ бояд усулҳои муосири арзёбии қарзгиранда, аз ҷумла низоми рақамии холгузориро дар асоси гардиши маблағ, содирот ва интизоми андоз ҷорӣ намоянд, то соҳибкорони бомасъулият ба маблағгузорӣ дастрасии бештар пайдо намоянд.

Бо қарори Ҳукумати мамлакат Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шудааст, ки қарзи лоиҳаҳои истеҳсолии соҳибкории хурду миёнаро кафолат медиҳад.

Ба Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки дар муҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию молиявии фаъолияти фондро ҳал намоянд.

Дар баробари қарзи бонкӣ истифодаи лизинг, сармояи венчурӣ, вомбаргҳои корпоративӣ ва дигар воситаҳои муосири молиявӣ бояд васеъ карда шавад.

Шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муҳимми ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтор ва таҷрибаи идоракунӣ мебошад.

Вобаста ба ин, ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессия ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнокро бо асосноккунии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин, дар самти рушди инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилаливу минтақавӣ таҳия намояд.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо бояд ба рушди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ равона гардад.

Дар баробари дастрасӣ ба маблағгузорӣ, низоми устувори андоз ва расмиёти соддаи маъмурикунонии он барои рушди соҳибкорӣ аҳаммияти ҳалкунанда дорад.

Андоз яке аз манбаъҳои асосии ташаккули буҷети давлат буда, соҳаҳои иҷтимоӣ, амният ва инфрасохтор аз ҳисоби он маблағгузорӣ карда мешаванд.

Аз ин рӯ, пардохти пурра ва саривақтии андоз на танҳо уҳдадории қонунӣ, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як соҳибкор дар назди ҷомеа ва давлат мебошад.

Бо вуҷуди рақамикунонии маъмурикунонии андоз ва беҳтар гардидани хизматрасониҳои электронӣ, ҳангоми санҷишҳои андоз ва назорати камералӣ ҳанӯз ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қонунгузории андоз ошкор мешаванд.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз дар панҷ соли охир ва нуҳ моҳи соли 2026 дар натиҷаи санҷишҳои андоз ба буҷет беш аз 10,6 миллиард сомонӣ маблағҳои иловагӣ пардохт гардидаанд.

Ҳамчунин, тавассути назорати камералӣ беш аз 6,3 миллиард сомонӣ андози камҳисобшуда ошкор шудааст.

Дар маҷмуъ, маблағҳои дар натиҷаи ин санҷишҳо ва назоратҳо ошкоршуда зиёда аз 16,9 миллиард сомониро ташкил медиҳанд.

Ин ҳолатҳо зарурати дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирӣ, пешниҳоди ҳисоботи саҳеҳ ва иҷрои пурраву саривақтии уҳдадориҳои андозиро собит месозанд.

Дар баробари ин, сиёсати андоз ва тартиби маъмурикунонии он бояд ба рушди истеҳсолот, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои корӣ, зиёд намудани содирот ва васеъ гардидани фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намояд.

Риояи қонун, адолат ва шаффофият бояд асоси маъмурикунонии андоз бошад.

Соҳибкорон имконият дошта бошанд, ки фаъолияти худро дар муҳити устувору пешгӯйишаванда ва бо итминон ба нақша гирифта, рушд диҳанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иттилоотонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба қонунгузорӣ ва иҷрои ихтиёрии уҳдадориҳои андозӣ мунтазам ба роҳ монанд.

Ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бомасъулият бояд дар асоси меъёрҳои равшану шаффоф ба роҳ монда шавад.

Соҳибкоре, ки фаъолияти худро шаффоф ба роҳ монда, ҳисоботи дуруст пешниҳод менамояд, уҳдадориҳои андозиро сари вақт иҷро мекунад, қарзи андозӣ надорад ва ҷойҳои кориро нигоҳ медорад, бояд аз ҳавасмандгардонии давлат баҳраманд гардад.

Барои чунин андозсупорандагон метавон мақоми «андозсупорандаи бомасъулият»-ро дар асоси меъёрҳои равшану шаффоф пешбинӣ карда, хизматрасонии афзалиятнок, расмиёти соддатари маъмурӣ ва дастгирии машваратиро ба роҳ монд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар муҳлати се моҳ тартиби ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бомасъулиятро бо муайян намудани меъёрҳои эътироф ва шаклҳои дастгирии онҳо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурд ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти вазъи воқеии фаъолияти соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда пешниҳодҳоро дар хусуси аз ҳисоб баровардани қарзҳои андозии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Пешниҳодҳои мазкур бояд қарзҳои андозиеро фаро гиранд, ки дар давраи аз соли 2012 то 1 январи соли 2020 ба вуҷуд омада, муҳлати даъвои онҳо гузаштааст.

Сухан дар бораи қарзҳои андозии зиёда аз 20 ҳазор чунин соҳибкорон ба маблағи беш аз 120 миллион сомонӣ меравад.

Ҳалли ин масъала ба сабук гардидани бори молиявии шаҳрвандон, беҳтар шудани вазъи иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурд мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат ва мақоми ваколатдори зиддиинҳисорӣ бояд риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва шароити баробари рақобатро таъмин намуда, барои пешгирӣ кардани маҳдудсозии рақобат ва додани бартариҳои беасос ба субъектҳои алоҳида чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дахлнопазирии фаъолияти қонунии соҳибкорӣ шарти асосии эътимоди соҳибкорону сармоягузорон мебошад.

Ба мақсади тақвияти ҳифзи давлатии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ соли 2022 дар сохтори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон таъсис дода шуд.

Зарур аст, ки ин ниҳод дар ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, баррасии муроҷиатҳои онҳо ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ нақши фаъолтар дошта бошад.

Ҳеҷ як мақоми давлатӣ ё шахси мансабдор ҳуқуқ надорад, ки берун аз доираи салоҳияти худ ба фаъолияти соҳибкор дахолат намояд, қабули қарорро беасос кашол диҳад ё монеаи сунъӣ эҷод кунад.

Бо Фармони Президенти мамлакат аз 10-уми январи соли 2025 ба ҳама намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон шудааст.

Ин мораторий, ки дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ бори панҷум ҷорӣ шудааст, ба пешгирӣ кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон равона гардидааст.

Барои соҳибкории хурду миёна нигоҳ доштани чунин шароит ҷиҳати таҳкими фаъолият, навсозии истеҳсолот ва ҳифзи ҷойҳои корӣ зарур аст.

Ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна эълон менамоям, ки мораторий барои санҷиши ин субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар – то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда шавад.

Татбиқи он, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноии пешбининамудаи қонун, таъмин гардад.

Риояи қатъии талаботи мораторий бояд таъмин гардида, ҳама гуна санҷиш, талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё даъвати соҳибкор ба мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва бо асосҳои дақиқи ҳуқуқӣ сурат гирад.

Таъкид менамоям, ки ҳифзи фаъолияти қонунии соҳибкорӣ ва пешгирии дахолати беасос вазифаи доимии мақомоти давлатӣ мебошад.

Барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1-уми январи соли 2027 санҷишҳо танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмин гардидани асоснокиву шаффофият гузаронида шаванд.

Нисбат ба ҳар як ҳолати дахолати беасос чораҳои қонунӣ андешида, ҷавобгарии шахсони мансабдори гунаҳкор бояд таъмин карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, ҳаёту саломатии одамон, манфиатҳои ҷамъиятӣ, амнияти озуқаворӣ, муҳити зист ва амнияти давлат бояд боэътимод ҳифз карда шаванд.

Ҳангоми ошкор намудани камбудиҳои ислоҳшаванда, ки чораҳои фавриро талаб намекунанд, ба соҳибкор бояд дар доираи қонун барои бартараф намудани онҳо муҳлати муносиб дода шавад.

Барои камбудии бори аввал содиршуда, ки зарар наовардааст, огоҳӣ ба ҷойи ҷарима пешбинӣ гардад.

Пурра ё қисман боздоштани фаъолияти истеҳсолӣ ҳамчун чораи истисноӣ танҳо бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи қонун амалӣ карда шавад.

Дар ҳолате, ки идомаи фаъолият ба ҳаёту саломатии одамон, муҳити зист ё амнияти давлат хавфи мустақим ба вуҷуд меоварад, бояд тибқи қонун чораҳои фаврӣ ва мутаносиб андешида шаванд.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монад.

Зарур аст, ки барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолгардидаи соҳибкорон чораҳои зарурӣ андешида, ҳангоми ошкор гардидани қонунвайронкунӣ маводи дахлдор ҷиҳати андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба шахсони гунаҳкор ба мақомоти ваколатдор пешниҳод карда шаванд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор қонунгузорӣ ва амалияи санҷишҳоро таҳлил карда, то 1-уми декабри соли 2026 лоиҳаи санадҳои заруриро барои татбиқи тамдиди мораторий ва такмили низоми санҷишҳо таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар ин санадҳо татбиқи низоми идоракунии хавфҳо дар самти банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби ҳамаи мақомоти ваколатдори санҷиш, пешгирӣ кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ, тартиби татбиқи огоҳӣ ба ҷойи ҷарима ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ карда шавад.

Ҳамчунин, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқи соҳибкорон баррасии саривақтиву беғаразонаи баҳсҳо ва татбиқи якхелаи қонунро талаб мекунад.

Дар баробари муроҷиат ба суд, истифодаи муҳокимаи ҳакамӣ, миёнаравӣ ва дигар роҳҳои мусолиматомези ҳалли баҳсҳо бояд васеъ карда шавад.

Мақомоти судӣ, Вазорати адлия ва Палатаи савдо ва саноат бояд барои баланд бардоштани фарҳанги шартномавӣ ва истифодаи васеи миёнаравӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои содда намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Ҳоло шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 280 ба 164 кам карда шудааст.

Барои соҳибкор муҳим аст, ки гирифтани иҷозат вақт ва хароҷоти камтар талаб карда, расмиёти он содда ва равшан бошад.

Агар барои як иҷозат ҳуҷҷатҳои такрорӣ талаб карда шаванд ё қарор дар муҳлати муқарраргардида қабул нашавад, самараи ислоҳот коҳиш меёбад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки то охири соли 2027 пурра ба шакли электронӣ гузаронидани ҳамаи хизматрасониҳои асосии бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳиро таъмин намояд.

Соҳибкор бояд имконият дошта бошад, ки аз пешниҳоди ариза то гирифтани натиҷа ҳамаи расмиёти дахлдорро ба таври электронӣ анҷом диҳад.

Ҳамзамон бо ин, номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо бартараф намудани талаботи зиёдатӣ ва такрорӣ боз ҳам ихтисор карда шавад.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти дахлдор бояд ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ ва мубодилаи байниидоравии маълумотро таъмин намояд.

Маълумоти зарурие, ки дар низомҳои иттилоотии давлатӣ мавҷуд аст, бояд тавассути мубодилаи байниидоравӣ дастрас карда шавад ва аз соҳибкор такроран талаб карда нашавад.

Рақамикунонӣ бояд зарурати муроҷиати бевосита ба мақомот, муҳлат ва хароҷоти хизматрасониро кам карда, шаффофият ва сифати хизматрасониро баланд бардорад.

Рушди соҳибкории занон ва ҷавонон барои истифодаи пурраи неруи инсонии мамлакат аҳаммияти калон дорад.

Ҳоло шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба занони соҳибкор 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 фоиз зиёд мебошад.

Маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории занон бояд, пеш аз ҳама, ба лоиҳаҳое равона карда шавад, ки фаъолияти устувор, ҷойи кор ва даромади воқеӣ ба вуҷуд меоваранд.

Занону ҷавонони соҳибкор дар баробари маблағ ба дониш, машварат, технология ва дастрасӣ ба бозор ниёз доранд.

Муассисаҳои дастгирии соҳибкорӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои касбомӯзӣ бояд омӯзиши таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, баҳисобгирии молиявӣ, савдои электронӣ ва идоракунии истеҳсолотро васеъ намуда, ин равандро бо таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо пайваст намоянд.

Соҳибкорон низ бояд ба омӯзишу бозомӯзии кормандон ва омодасозии кадрҳои ҷавон пайваста сармоягузорӣ кунанд.

Дар хотир бояд дошт, ки таҷҳизоту технологияҳои муосир танҳо бо иштироки мутахассисони соҳибкасб самараи зарурӣ медиҳанд.

Масъулияти иҷтимоии соҳибкор, пеш аз ҳама, дар пардохти музди меҳнати муносиб, таъмини шароити бехатари меҳнат, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ифода меёбад.

Корҳои хайрия ва дастгирии иҷтимоӣ бояд ихтиёрӣ, шаффоф ва ба қонеъ гардонидани ниёзҳои воқеии ҷомеа равона карда шаванд.

Дӯстони азиз!

Дар кишварҳои гуногун ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо дар соҳибкорӣ ва соҳаҳои савдо, саноат, молия, илм ва технология фаъолият карда, таҷрибаи ғанӣ, имкониятҳои молиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба даст овардаанд.

Онҳо метавонанд дар муаррифии имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон, пайдо намудани шарикони боэътимод, ҷалби технологияҳои муосир ва ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ нақши муҳим гузоранд.

Мо бояд барои ҷалби сармоя, донишу таҷриба ва имкониятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ шароити мусоид фароҳам оварда, онҳоро ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси истеҳсоливу инноватсионӣ дар Тоҷикистон ҳавасманд намоем.

Барои ин зарур аст, ки дастрасии онҳо ба маълумот, хизматрасониҳо ва кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин карда шавад.

Ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки махзани ягонаи маълумотро дар бораи ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъсис дода, бо онҳо ҳамкории мунтазам ва ҳадафмандро ба роҳ монанд.

Дар намояндагиҳои дипломатӣ масъулони ин ҳамкорӣ муайян гардида, натиҷаҳо аз рӯйи лоиҳаҳои амалишуда, шартномаҳои содиротӣ, технологияҳои ҷалбшуда ва ҷойҳои кории дар Тоҷикистон таъсисёфта арзёбӣ карда шаванд.

Ҳар як соҳибкоре, ки худро тоҷик мешуморад ва дар ҳар куҷое фаъолият дошта бошад, бояд Ватани худро фаромӯш накунад ва дар ободиву пешрафти он саҳм гузорад.

Аз ин рӯ, ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла соҳибкорону мутахассисонро даъват менамоям, ки бо сармоя, донишу таҷриба ва ташаббусҳои созандаи худ дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо дарназардошти масъалаҳои имрӯз баёнгардида ва андешаву пешниҳодҳои соҳибкорон нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳозирини муҳтарам!

Аз соли 2026 марҳалаи сеюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оғоз гардид, ки дар он ба баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва таҳкими заминаҳои рушди ба дониш ва навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи асосӣ дода мешавад.

Дар ин марҳала саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, истифодаи иқтидорҳои транзитӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ иштироки фаъол ва масъулонаи бахши хусусиро тақозо менамояд.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ суботи иқтисодӣ, ҳифзи моликият ва ҳуқуқҳои соҳибкорон, рақобати солим ва дастрасии баробар ба захираву хизматрасониҳои давлатиро таъмин менамояд.

Аз соҳибкорон интизорем, ки бо ташаббус, сармоя, технологияҳои муосир ва идоракунии самаранок истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши содиротро таъмин намоянд.

Мулоқоти имрӯза бояд ба беҳтар гардидани шароити соҳибкорӣ ва густариши фаъолияти истеҳсоливу сармоягузорӣ такони тоза бахшад.

Бовар дорам, ки шумо минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ, фаъолияти шаффоф, ташаббусҳои нав ва муносибати масъулона дар татбиқи лоиҳаҳои бузург ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоред.

Соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 112 нафар соҳибкорони фаъолу бонангу номуси кишвар барои саҳми арзандаашон дар рушди иқтисоди миллӣ ва корҳои ободониву созандагӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, имсол бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар доираи Барномаи давлатии рушди бахши хусусӣ бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баргузор гардид.

Ғолибони озмунро, ки имрӯз ба онҳо ҷоизаҳо супорида мешаванд, муборакбод гуфта, барояшон дар рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда комёбиҳои бештар орзу менамоям.

Итминон дорам, ки дастоварду таҷрибаи онҳо барои дигар соҳибкорон, бахусус ҷавононе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ қадам мегузоранд, барои ташаббусҳои нав намунаи ибрат мегардад.

Дар марҳалаи кунунӣ ҳамаи соҳибкорони кишварро даъват менамоям, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагиро идома дода, ин равандро ба истиқболи ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати бештар бахшанд.

Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ободонии шаҳру деҳот бояд ифодагари ҳисси ватандӯстӣ ва саҳми амалии ҳар яки шумо дар пешрафти Ватан ва беҳтар гардидани зиндагии мардум бошад.

Бори дигар ҳамаи соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, неруи созанда, иродаи қавӣ ва дар фаъолияти соҳибкориву истеҳсолиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram