Дар шаҳри Масқат мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Салтанати Умон Саид Сауд ибни Ҳилол ибни Ҳамад Ал-Бусаидӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Умонро дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва ҷавонон баррасӣ намуда, оид ба густариши робитаҳои байни муассисаҳои соҳавии ду кишвар, табодули таҷриба ва дониш, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин роҳандозии ҳамкориҳои мустақим байни сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои таҳия ва ба имзо расонидани санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва варзиш, инчунин густариши робитаҳо тавассути ташкили табодули сафарҳои расмии роҳбарон ва намояндагони сохторҳои соҳавии ду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таъкид намуда, омодагии худро барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карданд.