28 октябри соли 2026 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва бахшида ба 85 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи донишмандон, нависандагон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар суханронии худ, бо ишора ба хидматҳои мондагори устод Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири Тоҷикистон, қайд кард, ки шоир рисолаташро дар эҷоди шеъри асил ва эҳёи асолати назми миллӣ шинохта, дар иҷрои ин рисолат ба тавфиқи комил даст ёфта аст. Ӯ аз ибтикороти адабпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бузургдошти ному осори устод Лоиқ Шералӣ ёдовар шуда, маҳбубияти шеъри Лоиқ Шералиро дар Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабон далели пояндагиву ҷовидонагии осори ин гӯяндаи замонҳо донист.
Инчунин ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Аркадевна Краева суханронӣ кард. И. Краева дар суханронии худ саҳми Лоик Шералиро дар назми ҷаҳон қайд намуда, аҳамияти омӯзиши адабиёт, забон ва фарҳанги давлатҳои бародарро барои таҳкими ваҳдат дар фазои ИДМ таъкид кард.
Синелников Михаил — шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус, Немчинов Виктор — шарқшинос, сиёсатшинос ва корманди пешбари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, Сайдумаров Хуршед — номзади илмҳои филологӣ ва Кузин Никита — директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷикии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва ва дигар олимони ҷавон маъруза намуданд.
Директори Академияи дипломатӣ, проректори аввали Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва Сергей Владимирович Шитков ва мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Москва Абдулрезо Решад низ суханронӣ карданд. Онҳо аҳамияти чунин чорабиниҳои маърифатиро, ки мероси бойи адабиёти тоҷикӣ-форсиро ташвиқ карда, ба таҳкими робитаҳои башардӯстона байни халқҳо мусоидат мекунад, қайд карданд.
Дар доираи чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва таҳсил менамоянд, шеърҳои Лоиқ Шералиро ба забони тоҷикӣ қироат намуданд.