Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029, инчунин, масъалаи Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва давраи миёнамуҳлат баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, аъзои Шуро лоиҳаҳои як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ низ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, созишномаҳои сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАКОМ» оид ба рушди соҳаи алоқаи барқӣ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии семент, оҳак, бентонит ва каолин дар вилояти Суғд, инчунин, созишномаҳо бо ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Сементи Хуталон», «Сементи Тоҷик» ва «Сементи Душанбе» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоб пешниҳод ва баррасӣ гардиданд.
Илова бар ин, лоиҳаи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи сафари Наҷмиддиниён А. ба шаҳри Санкт-Петербург, даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.